Биология, Асосҳои ситология ва генетика, 9 синф, Зикирёев A., Tўхтаев A., Aзимов И., Сонин Н., 2019

Биология, Асосҳои ситология ва генетика, 9 синф, Зикирёев A., Tўхтаев A., Aзимов И., Сонин Н., 2019.

Учебник по биологии для 9 класса на таджикском языке.

Фрагмент из книги:
Биология — илм дар бораи ҳаёт буда, аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «bios» — ҳаёт ва «logos» — таълимот мебошад. Истилоҳи биология соли 1802 аз тарафи олими франсуз Ж.Б.Ламарк ва олими олмонӣ Г.Р.Тревираниус ба фан дохил карда шудааст. Биология – илм дар бораи ҳаёт, қонуниятҳои шакл, сохт ва инкишофи он мебошад. Объекти омӯзиши биология ин – вирусҳо, микроорганизмҳо, занбӯруғҳо, растаниҳо, ҳайвонҳо, одамҳо, таркиби узвҳо, бофта ва ҳуҷайраи онҳо,ҷараёнҳои дар ҳуҷайра рӯйдиҳанда, инчунин, инкишофёбии шахсӣ ва таърихии организм, ҳамҷамоаҳо ва робитаи онҳо байни табиати ғайризинда ба шумор меравад.

Биология, Асосҳои ситология ва генетика, 9 синф, Зикирёев A., Tўхтаев A., Aзимов И., Сонин Н., 2019


Хусусиятҳои ба худ хоси организмҳои зинда.
Новобаста аз гуногунии организмҳои зинда, ҳамаи онҳо сохти ҳуҷайравӣ доранд ва аз як хел элементҳои кимиёвӣ ва моддаҳо иборат мебошанд. Ҳуҷайра – ҳамаи хусусиятҳоро дар худ муҷассам карда, воҳиди хурдтарини зиндагӣ мебошад.

Байни организм ва муҳити беруна ҳама вақт мубодилаи моддаҳо ва энергия рӯй дода меистад. Хусусияти муҳими организмҳои зинда аз ғизо ва нури офтоб хамчун манбаи берунаи энергия истифодабарӣ мебошад. Энергия аз як организм ба дигар организм дар шакли моддаи органикӣ дода мешавад. Асоси мубодилаи моддаҳои организмро ҷараёнҳои ассимилятсия ва диссимилятсия ташкил медиҳад. Баъзе моддаҳо аз тарафи организм аз худ карда шавад, дигар моддаҳо баръакс, ба муҳити беруна хориҷ карда мешаванд. Мубодилаи моддаҳо азнавсозӣ (таҷдид), сабзиш ва инкишофи ҳуҷайраҳои организмҳоро таъмин мекунад.

MУНДАРИҶА.
Сарсухан.
Фасли I. Маълумот оиди олами органикӣ.
Боби I. Қонуниятҳои умумии ҳаёт.
§1. Хусусиятҳои ба худ хоси oрганизмҳои зинда.
§2. Дараҷаҳои системаи зинда.
Боби II. Гуногунии организмҳо.
§3. Шаклҳои ғайриҳуҷайравии ҳaёт.
§4. Ҳуҷайраҳои прокариотӣ.
§5. Эукариотҳо. Гуногунии растаниҳо.
§6. Олами занбӯруғҳо.
§7. Олами ҳайвонот.
§8. Машғулоти лаборатории 1. 1. Мушоҳидаи бактерияҳои таёқчаҳои хасбеда зери заррабин. 2. Мушоҳидаи обсабзҳои сабзи кабудтоб зери заррабин.
Фасли II. Таълимот оиди ҳуҷайра.
Боби III. Асосҳои ситология.
§9. Омӯзиши таърихи ҳуҷайра ва назарияи ҳуҷайра.
§10. Усулҳои омӯзиши ҳуҷайра.
§11. Ҳуҷайраи эукариотй.
§12. Ситоблазма. Органоидҳои мембрана ва мембранаи ҳуҷайра: тӯри эндоплазматикӣ, рибосомаҳо, маҷмӯиаи голҷӣ.
§13. Митохондрия, пластидаҳо, лизосомаҳо ва дигар органоидҳои ситоплазма.
§14. Ядро ва сохти он.
§15. Ҳуҷайраҳои прокариотй ва эукариотй.
§16. Эволютсияи ҳуҷайра.
§17. Машғулоти лаборатории 2. Омӯзиши сохти ҳуҷайраҳои растанӣ ва ҳайвон зери микроскоп.
§18. Машғулоти лаборатории 3. Мушоҳидаи плазмолиз ва деплазмолиз дар ҳуҷайраи растанӣ.
Фасли III. Асосҳои кимиёвии ҷараёнҳои ҳаётӣ.
Боби IV. Асосҳои кимиёвии ҷараёнҳои ҳаётӣ.
§19. Таркиби кимиёвии ҳуҷайра.
§20. Об ва моддаҳои ғайриорганикии таркиби ҳуҷайра.
§21. Биомолекулаҳо.
§22. Карбогидратҳо (углеводҳо).
§23. Липидҳо.
§24. Сафедаҳо. Аминокислотаҳо.
§25. Таркиби сафеда.Сохти сафедаҳо.
§26. Хусусиятҳои сафедаҳо. Сафедаҳои содда ва мураккаб.
§27. Вазифаҳои сафедаҳо.
§28. Кислотаҳои нуклеин.
§29. Машғулоти лаборатории 4. Таъсири амилаза ба крахмал.
Фасли IV. Мубодилаи моддаҳо - метаболизм.
Боби V. Мубодилаи моддаҳо ва энергия дар ҳуҷайра.
§30. Мубодилаи моддаҳо.
§31. Мубодилаи энергия.
§32. Марҳалаҳои мубодилаи энергия.
§33. Ғизогирии ҳуҷайра.
§34. Хемосинтез.
§35. Мубодилаи пластикӣ дар ҳуҷайра.
§36. Ҳалли масълаҳо доир ба мубодилаи модда ва энергия дар ҳуҷайра.
§37. Машғулоти лаборатории 5. Омӯзиши ҳосилшавии моддаҳои органикӣ дар барги растанӣ.
Фасли V. Инкишофи фардии организмҳо – онтогенез.
Боби VI. Афзоиши организмҳо ва инкишофи фардӣ.
§38. Сикли ҳуҷайра.
§39. Мейоз.
§40. Намудҳои афзоиши организмҳои зинда.
§41. Афзоиши ҷинсӣ.
§42. Бордоршавӣ.
§43. Давраи инкишофи эмбрионалӣ.
§44. Инкишофи постэмбрионалӣ.
§45. Таъсири муҳити беруна ба инкишофи ҷанин.
46. Қонуниятҳои умумии инкишоф. Қонуни биогенетикӣ. Қонуни монандии эмбрионҳо (ҷанинҳо).
Фасли VI. Маълумоти умумӣ оиди генетика.
Боби VII. Асосҳои генетика.
§47. Таърихи инкишофи генетика.
§48. Қонунҳои Г. Мендел. Дурагакунии моногибридӣ.
§49. Машғулоти лаборатории 6. Ҳалли масъалаҳо доир ба дурагагунии моногибридӣ.
§50. Дурагакунии дигибридӣ. Қонуни сеюми Мендел.
§51. Машғулоти амалии 1.Ҳалли масъалаҳо оиди дурагакунии дигибридӣ.
§52. Машғулоти лаборатории 7. Омӯзиши натиҷаҳои дурагакунии ғӯза, помидор, намозшомгул дар асоси гербарий.
§53. Таъсири байниҳамдигарии генҳои ноаллел.
§54. Таъсири полимерӣ ва бисёртарафаи генҳо.
§55. Машғулоти амалии 2. Ҳалли масъалаҳо доир ба таъсири байниҳамдигарии генҳои ноаллел.
§56. Ирсишавии ҳампайвастагии аломатҳо.
§57. Генетикаи ҷинс.
§58. Машғулоти амалии 3. Ҳалли масъалаҳо доир ба ҳампайвастагии ирсӣ ва генетикаи ҷинс.
§59. Тағйирпазирӣ.
§60. Машғулоти лаборатории 8. Омӯзиши қонуниятҳои статистикии тағйирпазирии модификатсионӣ.
§61. Тағйирпазирии муттатсионӣ (генотипӣ).
§62. Усулҳои омӯзиши генетикаи одам.
§63. Бемориҳои ирсии одам.
Фасли VII. Асосҳои селексия.
Боби VIII. Асосҳои селексия ва биотехнология.
§64. Пайдоиши растаниҳои маданӣ ва марказҳои гуногунии онҳо.
§65. Селексияи ҳайвонот ва растаниҳо.
§66. Селексия ва биотехнология.
§67. Комёбиҳои олимони Ӯзбекистон дар соҳаҳои биология ва селексия.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, Асосҳои ситология ва генетика, 9 синф, Зикирёев A., Tўхтаев A., Aзимов И., Сонин Н., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-28 15:09:47