Зоология, 7 синф, Мавлонов О., 2017

Зоология, 7 синф, Мавлонов О., 2017.

Учебник по зоологии для 7 класса на таджикском языке.

   Шумо чашми бино ва ояндаи Ӯзбекистони соҳибистиқлол ҳастед. Китоби дарсии «Биология» («Зоология») Шуморо ба олами ҳайвоноти басо рангорангу мароқовар мебарад. Китоб ба Шумо дар бораи сохти ҳайвонот, тарзи ҳаёти онҳо маълумот медиҳад. Шуморо ба донишомузи фаъол гирифтаи ва мустақилона фикр кардан меомузад. Агар бодиккат китобро омузед, оид ба ҳаёти ҳайвонот маьлумоти бисёр мегиред. Маьлумоту донишҳо ҳангоми интихоби касб ба Шумо ёрй мерасонанд. Шахсе, ки олами ҳайвонот ва набототро хуб медонад, онро дуст медорад ва эҳтиёт мекунад.

Зоология, 7 синф, Мавлонов О., 2017


Сохти организми ҳайвон ва таснифи ҳайвонот.
Монандӣ ва фарқияти ҳайвонот аз наботот. Организми ҳайвон ба монанди растанӣ аз ҳуҷайраҳо ташкил ёфтааст. Ҳуҷайраҳо аз мембранаи ҳуҷайра (пуст), дар ситоплазмаи дохилии он вакуолаҳо, дигар органоидҳо ва ядро иборатанд. Таркиби кимиёвии ҳуҷайраҳои ҳайвонот ва наботот монанд мешаванд. Ҳуҷайраҳои ҳайвонот бо пусти нафиси худ аз наботот фарқ мекунанд. Дар ҳуҷайраҳои ҳайвонот хлоропласте, ки ба наботот ранги сабзро медиҳад, мавҷуд нест. Ҳайвонот фотосинтез намекунанд; ҳайвонот модцаҳои органикиеро, ки растаниҳо ҳосил мекунанд, истеъмол мекунанд. Аммо дар байни ҳайвонҳои якҳуҷайраи сохги содца ҳайвонҳое низ вомехӯранд, ки ҳамчун растанй дорой хусусияти фотосинтез мебошанд.

Аксари ҳайвонот органҳои махсуси ҳаракаткунӣ доранд, вале ҳайвощои муқимӣ ва паразит ҳаракат намекунанд. Дар байни растаниҳо хламидомонада бо ёрии қамчинак фаъолона ҳаракат мекунад.

Ҳуҷайра ва бофтаҳои ҳайвон. Организми ҳайвонҳои бисёрҳуҷайра сохти гуногун дошта, аз ҳуҷайраҳое иборатанд, ки вазифаҳои гуногунро иҷро мекунанд. Ҳуҷайраҳои ҳайвонот шакли лӯнда, куб, тухм, ситора, мижгондор ва ғайра шуда метавонанд (расми 2). Ҳуҷайраҳои ба якдигар монанд ва иҷрокунандаи вазифаи якхела, бофтаҳо ва бофтаҳо органҳоро ҳосил мекунанд. Дар организми ҳайвонҳои якҳуҷайра ва серҳуҷайраи соддатарин бофтаҳо ва органҳо инкишоф наёфтаанд.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
БОБИ I. Маълумоти умумй дар бораи олами ҳайвонот.
§1. Фанни зоология ва вазифаҳои он.
§2. Сохти организми ҳайвон ва таснифоти ҳайвонот.
БОБИ II. Якҳуҷайраҳо, яъне ҳайвонҳои соддатарин.
§3. Синфи сохтапойҳо.
§4. Синфи қамчинақцорон.
§5. Синфҳои инфузорияҳо ва спорадорҳо.
Машғулияти якуми лаборатори. Сохти патак, ҳаракатноки ва таъсириазири.
БОБИ III. Ҳайвоноти серҳуҷайра: типи рӯдаковокҳо.
§6. Полипҳои гидроиди, гидраи оби гуворо.
§7. Рудаковокҳои баҳри.
БОБИ IV. Типҳои паҳнкирмҳо ва лӯндакирмҳо.
§8. Типи паҳнкирмҳо: синфи паҳнкирмҳои муяқдор.
§9. Типи паҳнкирмҳохинфҳои кирмҳои макканда ва тасмакирмҳо.
§10. Типи лундакирмҳо: аскаридаи одам.
§11. Гуногуншаклии кирмҳои паразит.
БОБИ V. Типи ҳалқакирмҳо.
§12. Сохти беруни, системам асаб ва инкишофи кирми лойхурак.
§13. Сохти дохилии кирми лойхурак.
Машғулияти дуюми лаборатори. Сохти берунаи кирмакҳои лойхӯрак, ҳаракатноки ва ҳосилкунии рефлекс.
БОБИ VI. Типи нармбаданҳо.
§14. Синфи нармбаданҳои шикампо.
§15. Синфи нармбаданҳои дутабақа ва сарпо.
БОБИ VII. Типи бандпоён.
7.1. Синфи харчангшаклон.
§16. Сохти берунии харчанги дарёи ва афзоиши он.
§17. Сохти дохилии харчанги дарёи.
7.2. Синфи тортанакшаклон.
§18. Сохти тортанак ва тарзи ҳаёти он.
§19. Гуногуншаклии тортанакшаклон.
7.3. Синфи ҳашаротҳо.
§20. Сохти берунии гамбуски биринҷии сабз.
§21. Сохти дохилии гамбуски биринҷии сабз.
Машғулияти сеюми лаборатори. Сохти берунаи ҳашаротҳо.
§22. Афзоиш ва инкишофи ҳашаротҳо.
§23. Ҳашаротҳои инкишофи табдили нокомил.
§24. Ҳашаротҳои инкишофи табдили комил: қатори пулакчаболҳо.
§25. Қатори пардаболҳо: занбӯрҳои асал.
§26. Қатори дуболаҳо.
§27. Пайдоиши ҳашаротҳо ва аҳамияти онҳо.
БОБИ VIII. Типи хордадорон.
§28. Нештаршакл — ҳайвони хордадори сохти соддатарин.
8.1. Моҳиён.
§29. Сохти беруни, скелет, пуфаки шиновари.
Машғулияти чоруми лаборатори. Сохти беруна ва ҳаёти моҳиҳо.
§30. Сохти дохилии моҳиён.
§31. Системаи асаб ва аъзоҳи ҳис.
§32. Афзоиш ва инкишофи моҳиён.
§33. Гуногуншаклии моҳиён: синфи моҳиёни тағоякдор.
§34. Синфи моҳиёни устухондор: гурӯҳи асосии таснифоти ва аҳамияти он.
8.2. Синфи обхокиҳо.
§35. Сохти беруни ва скелети қурбоққаи кул.
§36. Сохти дохилии қурбоққаи кул.
§37. Афзоиш, инкишоф ва гуногуншаклии обхокиҳо.
8.3. Синфи хазандагон.
§38. Сохти берунй, афзоиш ва инкишофи калтакалоси чобук.
§39. Гуногуншаклии хазандагон: қатори пулакчадорон.
§40. Қатори сангпупггон ва тимсоҳон.
8.4. Синфи паррандагон.
§41. Сохти берунии кабӯтари кабуд.
§42. Скелет ва мушакҳои кабӯтари кабуд.
Машғулияти панҷуми лабораторй. Сохти беруни ва рӯйкаши пати паррандагон.
§43. Сохти дохили ва аъзоҳои эҳсоси паррандагон.
§44. Афзоиш, инкишоф ва пайдоиши паррандагон.
§45. Мутобиқати паррандагон ба ҳодисаҳои мавсимй.
§46. Гуногуншаклии паррандагон: паррандагони воҳа ва биёбон.
§47. Паррандагони обӣ ва соҳилӣ.
§48. Паррандагони ваҳшӣ (соҳибчангол).
§49. Паррандапарварй.
8.5. Синфи ширхурон.
§50. Сохти беруни, скелет ва мушакҳои саг.
§51. Сохти дохилии саг.
§52. Афзоиш, инкишоф ва пайдоиши ширхурон.
§53. Гуногуншаклии ширхурон: тухмзо, халтадорон ва ҳамроҳцорон.
§54. Қатори болдастон ва хояндагон.
§55. Қатори ширхурони дарранда.
§56. Ширхурони бахри: қатори белпойҳо ва китшаклҳо.
§57. Ширхурони сумдор.
§58. Қатори приматҳо. Аҳамияти ширхурон.
§59. Ҳайвоноти хонагии мансуби синфи ширхурон.
Ҷавоби чистонҳо.
Нишондиҳандаи истилоҳоти зоология (*-дар расмҳо ҳавола).



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Зоология, 7 синф, Мавлонов О., 2017 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-22 02:51:54