Адабиёт, 7 синф, Эшонқулов Ҷ.Ш., 2022

Адабиёт, 7 синф, Эшонқулов Ҷ.Ш., 2022.

Учебник по литературе для 7 класса на таджикском языке.

   Адабиёти бадеї аз навъњои дигари санъат бо усул ва тарзи эљоди образњо фарќ мекунад. Сабаби ин дар он аст, ки образњои адабиёти бадеї бевосита њис карда намешаванд, ба назар наменамоянд, шунида намешаванд. Одам меъморї, расмкашї, раќс барин навъњои санъатро бевосита мебинад, мусиќї ва сурудро мешунавад. Инсон њангоми мутолиаи њикоя, ќироати ѓазал кўшиш менамояд, ки маънињои дар онњо нињон бударо фањмад. Танњо баъди он образи бадеї – манзарањои њаёти инсониро тасаввур менамояд.

Адабиёт, 7 синф, Эшонқулов Ҷ.Ш., 2022


СУХАН ВА СУХАНГУСТАРӢ ДАР ТАЪРИХИ АДАБИЁТ.
Барои адабиёт забон (сухан) воситаи асосӣ ва аслиҳаи аввалдараҷаи ифодаи мақсад аст. Ба қавли Насираддини Тӯсӣ «моддаи шеър сухан аст» ва ба қавли М.Горкий «нахустунсу-ри адабиёт забон мебошад». Маҳз дар ҳамин маънй адабиёти бадеиро «санъати сухан» меноманд. Гарчанд воситаву аслиҳаи ифода дар навъҳои санъат гуногун бошанд ҳам, аммо мақсади ҳамаи навъҳои санъат як аст. Ин мақсад хизмат расондан ба одамон, бой гардонидани олами эмосионалӣ (рӯҳӣ) ва васеъ на-мудани ҷаҳонбинию маънавиёти онҳост.

Аммо санъати сухан ба монанди рассомию ҳайкалтарошӣ, рақсу асари саҳнавӣ образ ё воқеаи ба он алоқамандро якбора ба назари хонанда намоиш дода наметавонад. Ё ин ки мисли мусиқӣ фавран эҳсосҳои рӯҳиро бедор намуда, «дилро об карда наметавонад». Аммо санъати сухан ба воситаи образҳо ҳам сифатҳои зоҳирию ботинӣ ва ҳам сифатҳои аёну ҳам ниҳони асрорангези инсониро равшан ва аниқ ба тасвир мегирад.

МУНДАРИҶА.
БОБИ I. ҚУДРАТИ САНЪАТИ СУХАН.
Адабиёти бадей ва фарқи он аз навъҳои дигари санъат.
Сухан ва сухангустарӣ дар таърихи адабиёт.
Панду ҳикматҳо дар бораи забои ва сухан.
БОБИ II. ИНСОН, ТАБИАТ, ХУДШИНОСӢ.
Васфи табиат дар осори насрии адибони муосир.
Пӯлод Толис.
Ҳикояи «Мӯрчаяк» аз повести «Тобистон».
Инъикоси ғояҳои инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ дар ашъори шоирони мумтоз ва муосир.
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи гуманизм (инсондӯстӣ ва инсонпарварӣ) дар асари бадей.
Абдулло Қаҳҳор.
Ҳикояи «Ҳазору як ҷон».
Этел Лилиан Войнич.
Порчаҳо аз асари «Ғурмагас» (қисми дуюм. Пас аз сездаҳ сол, боби якум).
БОБИ III. ЧАРОҒИ НИЁГОНРО ФУРӮЗОН ДОР!.
Абулқосим Фирдавсӣ.
Абёти ватандӯстонаву меҳанпарастонаи шоир дар достонҳои «Шоҳнома».
Достони «Рустам ва Исфандиёр».
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи қофия ва радиф.
Баҳром Фирӯз.
Ҳикояи «Муаллими сахтгир».
Саттор Турсун.
Ҳикояи «Ситораи корвонкуш».
Ҳамид Ғулом.
Ҳикояи «Роҳҳо, солҳо, устодҳо»(Қитъаҳо аз асар).
Расул Ҳамзатов.
Порча аз асари «Доғистони ман» (ба тариқи ихтисор).
Бозор Собир.
Мазмун ва мӯҳтавои ашъори Бозор Собир.
Муҷассамаи Айнӣ.
Фарзанди деҳқон.
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи вазнҳои шеърӣ.
БОБИ IV. САДОҲО АЗ ГУЗАШТА.
Унсурулмаолии Кайковус.
«Қобуснома» ва аҳамияти таълимию тарбиявии он.
Дар манфиати сафар (Ҳикоят).
Андар оини дӯст гирифтан.
Ҳикоят.
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи саҷъ ва насри мусаҷҷаъ.
Камолуддин Ҳусайн Воизи Кошифй.
Порчаҳо аз «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» ва «Анвори Суҳайлӣ».
Дар саховату эҳсон.
Ҳикояи «Гунҷишк ва Сусмор».
Фотеҳ Ниёзӣ.
Порча аз романи «Вафо» (Боби дуюм).
Сорбон.
Порча аз романи «Достони писари Худо».
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи роман.
Мӯъмин Қаноат.
Порча аз достони «Гаҳвораи Сино».
Абдулло Қодирӣ.
Ҳикояи «Дар бузкашӣ».
БОБИ V. СИМОҲОИ МУХТАЛИФ.
Ҳаким Карим.
Ҳикояи «Одам дар халта».
Ҷумъа Одина.
Порча аз қиссаи «Иншо дар мавзӯи озод».
Ҷонибеки Акобир.
Ҳикояи «Бибӣ ва набора».
Камол Насрулло.
Шеърҳои «Хоҳар», «Дур аз модар», «Батан дар ҷон аст».
Назарияи адабиёт: маълумот дар бораи лирика (шеъри ғиноӣ).
Антон Павлович Чехов.
Ҳикояи «Рафтори ноҷо».
Ношиноси пурасрор.
Ошноии нав ва бисёр фараҳбахш.
Мақсуд Қориев.
Ҳикояи «Парастуҳо дар баҳор оянд».



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Адабиёт, 7 синф, Эшонқулов Ҷ.Ш., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-13 00:48:49