Физика, 8 синф, Ҳабибуллаев П., 2019

Физика, 8 синф, Ҳабибуллаев П., 2019.

Учебник по физике для 8 класса на таджикском языке.
 
   Ҳаёти ҳаррӯзаро бе энергиям электрикӣ тасаввур карда намешавад. Аз он ҷумла ҳамаи ҷиҳозҳои монанди: лампочка, телевизор яхдон, радио, дазмол, чойнаки электрикӣ, компютери хонаамон аз ҳисоби энергияи электрикӣ кор мекунад.
Завод ва фабрикаҳои гуногун, корхонаҳои истеҳсолӣ, инчунин муассисаҳо ҳам аз энергияи электрикӣ истифода мебаранд. Хулоса, энергияи электрикӣ ба қисми ҷудонашавандаи ҳаётамон мубаддал гаштааст. Умуман бигӯем, кашфи электр ва аз он имкониятҳои истифодабарӣ ба тараққиёти бемисл сабаб шуд. Барои ҳаётамон боз ҳам фаровон шудан дар соҳаҳои электротехника, радиотехника, электроника, автоматика, технологияи ахборот, нанотехнологияҳо ва соҳаҳои дигар олимон, инчунин мутахассисони соҳаҳои дигар татқиқотҳои илмй бурда истодаанд. Дар натиҷаи кашфиётҳои нави аз тарафи олимон ва муҳандисон офарида ин соҳаҳо боз ҳам инкишоф ёфта истодаанд. Аз ин рӯ, барои оиди электр соҳиби маълумот шудан дар дарсҳои физика ҳодисаҳои электрикй, майдони электрикй ва магнитй, ҷараёни электрикй, ҳодисаҳои электромагнитиро меомӯзед ва бо истеҳсол ва нақли энергияи электрикй, принсипи кори асбобҳои оддии электрикй ва таҷҳизотҳо шинос мешавед.

Физика, 8 синф, Ҳабибуллаев П., 2019


Сохта атом.
Олимони юнонӣ ҳамаи чизҳои табиат аз атомҳо ташкил ёфтанашро гуф-таанд. Калимаи “атом”-ро мутафаккири юнон Демокрит (460-370) пеш аз мелод) дохил намудааст. Ин калима маънои “тақсимнашаванда”-ро дорад. Дар асри XX олимон мумкин будани тақсимшавии атомро ва он дорои сох-ти мураккаб буданашро ҳам муайян намуданд. Дар соли 1911 физики англис Эрнест Резерфорд дар асоси таҷриба модели сохти атомро кашф намуд.

Адади электронҳои атом бо адади протонҳо баробар аст. Масалан, ядрои ҳидроген (Н) фақат аз як протон иборат буда, дар атрофи ядро ҳам фақат якто электрон ҳаракат мекунад (расми 8, а). Дар атоми гелий (Не) 2 то протон, 2 то электрон ва 2 то нейтрон мавҷуд (расми 8, б). Атоми карбон бошад аз 6 то протон электрон ва 6 то нейтрон ташкил ёфтааст (расми 8, в). Дар атоми унсури кимёвй адади протон ва электронҳо баробар бошад, онҳо аз ҷиҳати электр нейтрал мешаванд.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
БОБИ I. ЗАРЯДИ ЭЛЕКТРИКЙ. МАЙДОНИ ЭЛЕКТРИКЙ.
§1. Заряднок шудани ҷисмҳо.
§2. Заряди электрикӣ.
§3. Таъсири мутақобили зарядҳо. Қонун Кулон.
§4. Ҳалли масъалаҳо.
§5. Майдони электрикй.
§6. Тақсимшавии заряди электрикӣ дар ноқилҳо.
§7. Ҳалли масъалаҳо.
§8. Ҳодисаҳои электрӣ дар табиат.
Супоришҳои тестӣ оиди такрори боби I.
Хулосаҳои муҳим аз рӯи боби I.
БОБИ II. ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИКЙ.
§9 Мафҳум оиди ҷараёни электрикӣ.
§10. Манбаҳои ҷараён.
§11. Шиддати электрикӣ ва чен кардани он.
§12. Қувваи ҷараён ва чен кардани он.
§13. Ҳалли масъалаҳо.
§14. Кори лабораторӣ. Тартиб додани занчири электрикй.
Чен кардани кувваи чараён ва шиддат дар қитъаҳои гуногуни он.
§15. Муқовимати ноқил.
§16. Резисторҳо. Реостатҳо. Потенсиометрҳо.
§17. Қонуни Ом барои қитъаи занҷир.
§18. Ҳалли масъалаҳо.
§19. Кори лабораторӣ. Омӯхтани қонуни Ом.
§20 Машғулоти амалӣ. Бо ёрии реостат рост кардани қувваи чараён.
§21. Пай дар пай пайвастани истеъмолкунандаҳо.
§22. Пайвасти параллели истеъмолкунандаҳо.
§23. Машғулоти амалй. Пайвасти манбаъҳои ҷараён.
§24. Кори лабораторй. Омӯхтани пайвасти пай дар пай ва паралеллии ноқилҳо.
§25 Пайвасти омехтаи истеъмолкунандаҳо (Барои хониши мустацилӣ).
§26. Ҳалли масъалаҳо.
§27. Ғунҷоиши электрикӣ. Конденсаторҳо.
§28. Пайвасти параллел ва пайдарпайи конденсаторҳо.
§29. Ҳалли масъалаҳо.
Супоришҳои тестӣ оиди такрори боби II.
Хулосаҳои муҳим аз рӯи боби II.
БОБИ III. КОР ВА ТАВОНОИИ ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИКЙ.
§30. Кори ҷараёни электрикӣ.
§31. Тавоноии ҷараёни электрикӣ.
§32. Ҳалли масъалаҳо.
§33. Кори лабораторй. Муайян кардани тавоноии истеъмолкунанда (лампочка).
§34. Бо таъсири ҷараёни электрикӣ гарм шудани ноқилҳо.
§35. Ҳалли масъалаҳо.
§36. Татбиқи амалии қонуни Ҷоул-Ленс.
§37. Занҷири электрикии хонадонҳо ва пайвасткуниҳо.
§38. Чораҳои бехатарии электрикӣ.
§39. Намунаи ҳалли масъалаҳо.
Супоришҳои тестӣ оиди такрори боби III.
Хулосаҳои муҳим аз рӯи боби III.
БОБИ IV. ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИКЙ ДАР МУҲИТҲОИ ГУНОГУН.
§40. Ҷараёни электрикй дар металлҳо.
§41. Ҷараёни электрикй дар моеъҳо.
§42. Электролиз. Қонуни якуми Фарадей.
§43. Қонуни дуюми Фарадей.
§44. Ҳалли масъалаҳо.
§45. Истифодаи электролиз дар ҳаёт ва техника.
§46. Ҷараёни электрикӣ дар вакуум.
§47. Ҷараёни электрикӣ дар газҳо.
§48. Намудҳои разрядҳои электрикӣ ва аз онҳо истифода бурдан.
Супоришҳои тестӣ оиди тарори боби IV.
Хулосаҳои муҳим аз рӯи боби IV.
БОБИ V. МАЙДОНИ МАГНИТЙ.
§49. Майдони магнитй. Магнити доимӣ ва қутбҳои он.
§50. Параметрҳои тавсифкунандаи майдони магнитӣ.
§51. Майдони магнитии замин.
§52. Майдони магнитии ҷараён.
§53 Таъсири майдони магнитӣ ба ноқили ҷараёндор.
§54. Ҳалли масалаҳо.
§55. Ҳаракати даврии рамкаи ҷараёндор дар майдони магнитии яқҷинса.
§56. Ҳаракати зарраи заряднок дар майдони магнитӣ.
§57. Электромагнитҳо. Релей электромагнита.
§58. Кори лабораторӣ. Тартиб додани электромагнити соддатарин ва омӯхтани кори он.
§59. Муҳаррики электрикии ҷараёни доимӣ.
§60. Ҳалли масъалаҳо.
Супоришҳои тестӣ оиди такрори боби V.
Хулосаҳои муҳим аз рӯи боби V.
Ҷавоби машқҳо.
Ҷавоби супоришҳи тестӣ оиди такрори бобҳо.
Адабиётҳои истифода бурдашуда.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Физика, 8 синф, Ҳабибуллаев П., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-23 15:30:54