Математика, 5 синф, Ҳайдаров Б., 2015

Математика, 5 синф, Ҳайдаров Б., 2015.

Учебник по математике для 5 класса на таджикском языке.

   Шумо дар ин соли таҳсил ҳам шиносоиро бо математика давом медиҳед. Математика ҳазорҳо сол муқаддам ба сифати маҳсули эҳтиёҷи инсон ба вуҷуд омадааст. Ба рушди он аҷдоди бузургамон - алломаҳои машҳури Шарқ, олимони бузурги математик ҳиссаи калон гузоштаанд. Ҳоли ҳозир ягон кас оид ба математика дониш наандӯхта рӯзгори хешро бекаму кост тасаввур карда наметавонад. Математика ба шумо фақат корҳои ҳисобу китобро намеомӯзонад, балки аз ҳама асосиаш ба фикрронии мантиқӣ, мушоҳида рондан, дарёфти ҳалли аз ҳама мақбули муаммоҳои ҳаётӣ кӯмак мерасонад, ақлатонро чарх мекунад.
Китоби дарсии мазкур, ки дар даст доред, барои амалӣ гардондани мақсадҳои накӯ ба шумо ҳамроҳӣ мекунад, кӯмакрасони беминнат мегардад. Аз саҳифаҳои он на танҳо бо маълумотҳо оид ба математика, балки доири таърихи техника, фан, олами гирду атроф ва рӯзгори рӯзмарра маълумотҳои шавқовару фоиданок шинос мегардед. Маълумотҳои мазкур бо масъалаву мисолҳои намудашон гуногун ба эътиборатон ҳавола мегардад.

Математика, 5 синф, Ҳайдаров Б., 2015


Воҳидҳои ченаке, ки аз қадим дар кишварамон истифода гардидаанд.
Дар ҳудуди Осиёи Миёна аз қадим воҳидҳои мухталифи ченак истифода гардидааст. Ҳоли ҳозир он ченакҳо кӯҳна шуда, мавриди истифода мест. Ҳамин тавр бошад ҳам, дар забони пиронсолон, китобҳои таърихӣ, асарҳои бадей ин воҳиди ченак вомехӯрад.

Масалан, дар асари «Бобурнома»-и Заҳириддин Муҳаммад Бобур воҳидҳои ченаки кишварҳои мухталиф омадааст. Ана, баъзеи онҳо ва бо қимати воҳидҳои ченаки имрӯза шинос гардед:
Ба сифати воҳиди ченаки дарозӣ (тақрибан 70-75 см), панҷа (19-22 см), қулоч (166-170 см), ангушт (2 см), оринҷ (50-80 см), газ (70 см), чақрим (900 м), йиғоч (8 км), қарӣ (55 см) ва мушт (8 см) барин воҳидҳо истифода гардидааст.

Барой ченкунии масса мисқол (тақрибан 4 г), қадоқ (410 г), пуд (16 кг 380 г), ботмон (163 кг 800 г) барин воҳидҳо мавриди истифода қарор гирифтаанд.

МУНДАРИҶА.
Боби I. Ададҳои натуралӣ ва шкалаҳо.
1. Мафҳуми адади натуралӣ. Навиштан ва хондани ададҳои натуралӣ.
2. Порча. Дарозии порча. Секунҷа.
3. Ҳамворӣ, хати рост ва нур.
4. Шкалаҳо ва координатаҳо. Нури ададҳо.
5. Қиёскунии ададҳои натуралӣ. Калон ва хурд.
6. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби I.
Боби II. Ҷамъу тарҳи ададҳои натуралӣ.
7. Ҷамъи ададҳои натуралӣ ва хусусиятҳои онҳо.
8. Тарҳи ададҳои натуралӣ ва хусусиятҳои онҳо.
9. Ифодаҳои ададӣ ва ҳарфӣ.
10. Ифодаи ҳарфии хусусиятҳои ҷамъу тарҳ.
11. Муодилаҳо.
12. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби II.
Боби III. Зарбу тақсими ададҳои натуралӣ.
13. Зарби ададҳои натуралӣ ва хусусиятҳои онҳо.
14. Тақсими ададҳои натуралӣ.
15. Тақсими бақиядор.
16. Соддагардонии ифодаҳо.
17. Ҳалли масъалаҳо оид ба чор амали болои ададҳои натуралӣ. Тартиби иҷрои амалҳо.
18. Дараҷаи ададҳо. Квадрат ва куби ададҳо.
19. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби III.
Боби IV. Сатҳ ва ҳаҷмҳо.
20. Формулаҳо.
21. Сатҳ. Чоркунҷаи рост ва формул аҳои сатҳи квадрат.
22. Воҳидҳои ченаки сатҳ.
23. Параллелепипеди росткунҷа ва куб.
24. Ҳаҷм. Воҳидҳои ченаки ҳаҷм. Ҳаҷми параллелепипеди росткунҷа.
25. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби IV.
Боби V. Қасрҳои оддӣ.
26. Давра ва доира.
27. Ҳиссаҳо. Мафҳум дар бораи қасрҳои оддӣ.
28. Қиёскунии касрҳо.
29. Касрҳои дуруст ва нодуруст.
30. Ҷамъу тарҳи касрҳои махраҷашон якхела.
31. Тақсим ва касрҳо.
32. Ададҳои омехта.
33. Ҷамъу тарҳи ададҳои омехта.
34. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби V.
Боби VI. Касрҳои даҳи.
35. Навиштан ва хондани касрҳои даҳӣ.
36. Қиёскунии касрҳои даҳӣ.
37. Ҷамъу тарҳи касрҳои даҳӣ.
38. Қимати тақрибии адад. Яклухткунии ададҳо.
39. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби VI.
Боби VII. Зарбу тақсими касрҳои даҳӣ.
40. Зарби касрҳои даҳӣ ба ададҳои натуралӣ.
41. Тақсими касрҳои даҳӣ ба ададҳои натуралӣ.
42. Зарби касрҳои даҳӣ.
43. Тақсими касрҳои даҳӣ.
44. Миёнаи арифметикӣ.
45. Масъалаҳо дойр ба такроркунии боби VII.
Боби VIII. Фоизҳо.
46. Мафҳум дар бораи фоиз.
47. Ҳалли масъалаҳо доир ба фоизҳо.
48. Кунҷ. Кунҷҳои рост ва кушод.
49. Ченкунии кунҷҳо. Транспортир.
50. Диаграммаҳои доиравӣ ва сохтани онҳо.
51. Масъалаҳо доир ба такроркунии боби VIII.
Боби IX. Такрор.
52. Масъалаҳо дойр ба такрори маводи гузашта дар синфи V.
Ҷавобҳо.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Математика, 5 синф, Ҳайдаров Б., 2015 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-22 11:21:06