Учебник по физкультуре для 7-8 класса на таджикском языке.
Бачагони азиз, шумоён донишҳои назариявии маълумро оид ба тарбияи ҷисмонӣ аз бар намудед. Дойр ба намудҳои гуногуни варзиш дар худ маҳорат ва малакаи амали ҳосил кардед. Акнун бошад, бо назардошти синну сол ва имконияти шахсй дар маҳфилҳои варзишии назди мактаб, мактабҳои варзишии бачагон ва наврасон шуғл варзидани шумо мувофиқи мақсад аст.
Мадомки ҳар якеатон бо намуди варзиши дӯстдоштаи худ машғул мегардад, хислатҳои шахсӣ, дараҷаи рушди ҷис-мони, ҳолати сифатҳои ҷисмонӣ (қувва, суръат, тобоварӣ, чусту чолокӣ ва ғайра), бо ба тартиби рӯз қатъиян риоя намудан, хӯрокхӯрӣ, хоб ва ба ҳамин гуна чизҳои дигар вобаста буда, он 1—3 сол давом мекунад. Мувофиқи он дар дастури мазкури таълимӣ оид ба намуди варзиши дӯстдоштаатон, аҳамияти он ба организм, ривоҷи қувва, чолокӣ, зудкорй, тахмин бо чашм, рушди мувофиқгардо-нии ҳаракат маълумотҳои шавқовар дода шудаанд.
