Учебник по истории для 5 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Ватан! Дар зери ин калима олам-олам маъно ниҳон аст. Ватан-кишвари азиз, мӯътабар ва муқаддас аст.
Ватан ҷоест, ки дар он таваллуд шудаем. Хокест, ки хуни нофамон рсхтааст. Ватан гаҳвораи тиллоист. Заминест, ки бо падару модаронамон, хешу ақрабо ва дӯстонамон якҷоя зиндаги мекунем. Заминест, ки изи аҷдодон боқи мондааст. Кишвари бобоиамон аст, Ватан гавҳарсст дар қалби ҳар кадоми мо.
Ватан шаҳр ва деҳаи азизатон мебошад. Қалби инсон, орзуву умеди он, шодию сурураш ва ояндааш бо Ватан зич пайваст аст.








