Биология, 5 синф, Пратов Ў., Тўхтаев А., Азимова Ф., Тиллаева З., 2020

Биология, 5 синф, Пратов Ў., Тўхтаев А., Азимова Ф., Тиллаева З., 2020.

Учебник по биологии для 5 класса на таджикском языке.
 
   Ривоҷёбии босуръати илму фан, муносибатҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар замони ҳозира, ки доимо омӯхта мешаванд, дар мактабҳои таълими миёнаи умумӣ фанни биологияро аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замон дар ҳолати мувофиқ таълим додан (STEAM) дар назди омӯзгорони фан яке аз вазифаҳои ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.
Шумо акнун донишҳои аз табиатшиносӣ гирифтаатонро бо фанни нав - биология такомул медиҳед. Биология фан дар бораи организмҳои зинда буда, вай табиатро меомӯзад, олами наботот ва ҳайвонотро тадқиқ мекунад. Аҳамияти фанни биология ба тараққиёти илму техника ва технология, соҳаҳои истеҳсолӣ ва мавқеи он дар ҳаёти ҳаррӯза ифода меёбад.

Биология, 5 синф, Пратов Ў., Тўхтаев А., Азимова Ф., Тиллаева З., 2020


Олами растаниҳо.
Хусусиятҳои ба худ хоси растаниҳо. Олами растаниҳо аз олами ҳайвонот фарқ намуда, ба хок пайваста месабзад. Растаниҳо дар ҷараёни ғизогирӣ аз атмосфера гази карбонат ангидридро азхуд карда, глюкоза ҳосил мекунанд ва оксиген ҷудо мекунанд.

Растаниҳо ҳам монанди тамоми мавҷудотҳои зинда нафас мегиранд. Ҷараёни нафасгирӣ аз ҷараёни ғизогирӣ фарқ карда, аз атмосфера оксиген фурӯъ бурда, гази карбон ҷудо мекунанд.

Танаи растаниҳо аз узвҳои вегетативй ва генеративй иборат аст. Узвҳои вегетативй ғизогирӣ, сабзиш ва ривоҷёбии растаниро таъмин мекунанд, ба онҳо реша, поя, барг дохил мешавад. Узвҳои генеративй афзоиш ва паҳншавии растаниро таъмин карда, ба онҳо гул, мева, тухмй дохил мешавад. Узвҳо аз бофтаҳо иборат мебошанд. Ба бофтаҳои растанй, бофтаҳои рӯйпӯшкунанда, асосй, механики, гузаронанда, ҳосилкунанда, ҷудокунанда медароянд. Бофтаҳо аз ҳуҷайраҳо ташкил ёфтаанд.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
БОБИ I. БИОЛОГИЯ ФАН ДАР БОРАИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА.
§1. Биология - фан дар бораи ҳаёт.
§2. Хусусиятҳои организмҳои зинда.
§3. Усулҳои омӯзиши биология.
§4. Ҳуҷайра - асоси ҳаёт.
БОБИ II. ГУНОГУНИИ ОРГАНИЗМҲОИ ЗИНДА.
§5. Маълумотҳои умумӣ дар бораи организмҳои зинда.
§6. Олами бакгерияҳо.
§7. Олами занбӯруғҳо.
§8. Олами растаниҳо.
§9. Растаниҳои дараҷаи паст.
§10. Растаниҳои дараҷаи олӣ.
§11. Растаниҳои шифобахш ва заҳрноки дар Ӯзбекистон васеъ паҳнгашта.
§12. Олами ҳайвонот.
§13. Ҳайвонҳои бемӯҳра.
§14. Ҳайвонҳои мӯҳрадор.
§15. Системаи узвҳои одам.
БОБИ III. ОРГАНИЗМ ВА МУҲИТИ БЕРУНА.
§16. Омилҳои экологӣ.
§17. Инсон ва табиат.
§18. Муҳофизат намудани табиат.
ШАРҲИ БАЪЗЕ ИСТИЛОҲҲОИ КИТОБИ ДАРСИ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Биология, 5 синф, Пратов Ў., Тўхтаев А., Азимова Ф., Тиллаева З., 2020 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-21 00:31:43