Учебник по физкультуре для 3 класса на таджикском языке.
Дар синфи 3 шумоёнро машғулотҳои зиёди хеле шавқовар интизор аст. Шумо гимнастика, элементҳои бозиҳои варзишӣ, машқҳои нави инкишофи умумӣ ва бозиҳои серҳаракати миллиро меомӯзед. Дар баробари ин шумоён барои инкишофи организм ва сифатҳои ҷисмонии худ тарзи иҷрои машкҳои мураккабро низ аз худ хоҳед кард.
Ғайр аз ин, шумоён дар синфи сеюм дар бораи мавҷуд будани машкҳои гуногун, фарқияти онҳо аз ҳамдигар ва барои инкишофи кадом сифатҳо хизмат кардани онҳо дониста мегиред. Дар баробари назорати дараҷаи инкишофи худ ҳангоми иҷрои машқҳо, чиро дар назар доштани маҷмӯи машқҳои ҷисмонӣ ва бо кадом тартиб иҷро кардани онҳоро аз худ мекунед. Дар давоми дарс шумоён оид ба баъзе намудҳои спорт, таърих ва ривоҷёбии онҳо дорои маълумоти мухтасар мегардед.








