Технология, 3 синф, Санақулов Ҳ.Р., Абдиева Д., 2022

Технология, 3 синф, Санақулов Ҳ.Р., Абдиева Д., 2022.

Учебник по технологии для 3 класса на узбекском языке.

Фрагмент из книги.
Мошини ҷомашӯӣ – дастгоҳест, ки барои тоза кардан ва шустани либосҳо истифода мешавад. Ба мошини ҷомашӯӣ либосҳоро андохта, ба микдори зарурӣ хокаи ҷомашӯӣ илова карда мешавад ва ҷараёни технологии боқимондаро худи мошин иҷро мекунад. Пас аз тоза шудани либосҳо, онҳо дарзмол карда мешаванд.

Технология, 3 синф, Санақулов Ҳ.Р., Абдиева Д., 2022


ТЕХНОЛОГИЯҲОИ АТРОФИ МО.
Кондитсионер (ҳавополо) – техникаи мураккаби маишӣ буда, шароити иқлими муайянро дар майдони пӯшида таъмин мекунад. Вазифаи асосии дастгоҳ дар рӯзҳои гарм паст кардани ҳарорати хона ва дар ҳавои хунук гарм кардани он мебошад.

Чангкашак – дастгоҳест, ки тавассути ҷаббидани ҷараёни ҳаво чанг ва чирки хонаро тоза мекунад. Чангкашакро дар хона ва дар идораҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Ҷиҳати бартарии чангкашак аз ҷорӯб дар он аст, ки вай бо қувваи электр кор мекунад ва дар муддати кӯтоҳ ҳаворо чанг накарда, майдони васеъро тоза мекунад. Дар ҳоли ҳозир мисли дигар техникаҳо бисёр намудҳои наву муосири чангкашакҳо низ истеҳсол карда шуда истодаанд.

МУНДАРИҶА.
Дарси 1. Технологияҳои атрофи мо.
Дарси 2. Асбобҳои кории дуредгарӣ ва челонгарӣ (оҳангарӣ).
Дарси 3. Асбобҳои пазандагӣ ва дӯзандагӣ.
Дарси 4. Офаридани унсурҳои сохторӣ (конструксия).
Дарсҳои 5 – 6. Сохтани робот аз шаклҳои геометрӣ.
Дарсҳои 7 – 8. Сохтани моделҳои ҳаракаткунанда аз шаклҳои гуногуни геометрӣ.
Дарсҳои 9 – 10. Сохтани дастгоҳҳои ҳаракаткунанда.
Дарси 11. Касби дизайнерӣ.
Дарсҳои 12 – 13. Касби сарнишинӣ (лётчикӣ).
Дарси 14. Касби байторӣ (ветернарӣ).
Дарси 15. Эскиз. Шаблон.
Дарсҳои 16 – 17. Сохтани бозичаҳои ҳаракаткунанда дар асоси ангора (эскиз).
Дарсҳои 18 – 19. Аз коғазҳои ранга сохтани меваю сабзавотҳои ҳаҷмдор.
Дарсҳои 20 – 21. Тайёр намудани ашёҳо аз зарфҳои пластикӣ.
Дарси 22. Унсурҳои сохтори бадеӣ.
Дарсҳои 23 – 24. Аз картон барои саҳна сохтани қаҳрамонҳои афсона.
Дарсҳои 25 – 26. Сохтани бозичаҳо аз риштаҳои ғафси гуногун.
Дарси 27. Сохтани шакли сабзавот бо усули папе-маше.
Дарси 28. Санъати квиллинг.
Дарсҳои 29 – 30. Офаридани композитсия бо усули квиллинг.
Дарсҳои 31 – 32. Аз қуттичаҳои коғазӣ сохтани мебелҳои гуногун.
Дарси 33. Композитсияи нақш аз матоъ.
Дарси 34. Офаридани панно бо усули аппликатсия.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Технология, 3 синф, Санақулов Ҳ.Р., Абдиева Д., 2022 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-12-22 02:26:52