учебник на таджикском языке

Физика, 10 синф, Турсунметов K.A., Усмонов Ш.Н., Рахматов Ҷ.A., 2022

Физика, 10 синф, Турсунметов K.A., Усмонов Ш.Н., Рахматов Ҷ.A., 2022.

Книги по физике для 10 класса на таджикском языке.

   Китоби дарсии мазкур мушоҳида намудани ҷараён ва ҳодисаҳои табиат, таҳлил кардан, дар омӯхтани ҳодисаҳои физикӣ аз асбобҳо дуруст истифода бурдан, мафҳум ва бузургиҳои физикиро бо формулаҳои математикӣ ифода карда тавонистан, дар соҳаи фан бо комёбиҳои муваффақшуда, ба воситаи тадбиқи онҳо дар амал дар хонандагон ҷаҳонбинии илмиро инкишоф дода, дар оянда онҳоро барои дуруст истифодабарӣ аз комёбиҳои фан ва техника мақсад гузоштааст. Дар китоби дарсӣ қиcмҳои “Динамика . Элементҳои статика”, “Лаппишҳои механикӣ ва мавҷҳо”, “Гидростатика”, “Майдони электростатикӣ”, “Қонунҳои ҷараёни доимӣ”, “Ҷараёни электрикӣ дар муҳитҳои гуногун”, “ Майдони магнитӣ” омӯхта мешавад.

Физика, 10 синф, Турсунметов K.A., Усмонов Ш.Н., Рахматов Ҷ.A., 2022
Скачать и читать Физика, 10 синф, Турсунметов K.A., Усмонов Ш.Н., Рахматов Ҷ.A., 2022
 

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022.

Книги по истории для 10 класса на таджикском языке.

   Дар ин китоби дарсӣ марҳилаи охирини даври нав ва воқеаҳои муҳиме, ки дар замони нав ба вуқӯъ омадаанд, марҳилаи имрӯзаи рушди ҷамъият ва таҳлили сабабҳои баъзе ҳодисаҳои имрӯза дар арсаи ҷаҳон баён шудааст. Маълумотҳои таърихӣ барои ташвиқи донишҷӯён ба фикрронии мустақил ва васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо пешниҳод карда мешавад. Ин маълумотҳо барои фаҳмидани он, ки ҳар як фарҳанги халқҳои ҷаҳон нотакрор ва беназир аст, арзишҳои умумибашарӣ, ки ба тамоилҳои инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ, ҷамъияти шаҳрвандӣ ва волоияти қонун асос ёфтааст, кӯмак мерасонад. Вай ба шумо имкон медиҳад, ки бо қонуниятҳои муҳим ва роҳҳои ба худ хоси тараққиёти ҷаҳон ва ҷамъият шинос шуда, дар бораи оянда тасаввурот дошта бошед. Он ҳамчунин донишеро ташаккул ва имкон медиҳад, ки таҷрибаи таърихии мамлакатҳои пешрафта дар Ӯзбекистон эҷодкорона татбиқ карда шавад.

Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022
Скачать и читать Таърихи ҷаҳон, 10 синф, Эргашев Ш., Ходҷаев Б., Абдуллаев Ж., 2022
 

Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., Муҳамедҷанова С., 2022

Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., Муҳамедҷанова С., 2022.

Книги по изобразительному искусству для 7 класса на таджикском языке.

   Донишомӯзи гиромӣ! Китоби дарсии насли нав, ки пешкаши шумо мегардад дар бораи намудҳо, жанрҳо, ҷараёнҳо ва самтҳои санъати тасвирӣ, рассомони эҷодкор, дизайн, фаъолити композитситсионӣ, санъати китобат маълумотҳо шинос мешавад. Донише, ки дар дарсҳои санъати тасвирӣ гирифтаед, компетенсияҳои амалие, ки азхуд кардаед, дар интихоби касб ба шумо аз наздик кӯмак мекунад. Барои ин ба шумо лозим меояд, ки мавзӯъҳои китоби дарсиро суботкорона азхуд кунед, супоришҳои амалиро иҷро кунед ва маҳорати худро такмил диҳед. Умедворем, ки ин китоби дарсӣ ҳамчун манбаи муҳим барои гирифтани тасаввурот дар бораи касбҳои марбут ба фаъолияти эҷодӣ, аз қабили рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, дизайнерӣ, меъморӣ хизмат мекунад.

Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., Муҳамедҷанова С., 2022
Скачать и читать Санъати тасвирӣ, 7 синф, Сулаймонов А., Муҳамедҷанова С., 2022
 

Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022

Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022.

Книги по биологии для 7 класса на таджикском языке.

   Шумо дар синфҳои 1 – 6 аз дарсҳои «Фанҳои табиӣ» бо мафҳум, истилоҳот ва қонуниятҳо оиди табиат шинос шудед. Имсол ба омӯзиши фанни нав «Биология» шурӯъ мекунед. Дониши дар дарсҳои «Фанҳои табиӣ» гирифтаатонро тавассути фанни нав – «Биология» такмил медиҳед. Ин китобе, ки дар дасти шумост, ёрирасони беминнат аст. Биология сохт ва фаъолияти ҳаёти гуногунӣ, қонуниятҳои инкишофи таърихӣ ва фардии организмҳои зинда, ба табиати зинда таъсир расонидани инсонро меомӯзад. Бо ёрии ин китоб дар дарсҳои биология ва ба таври мустақилона оид ба бактерияҳо, протоктистаҳо, замбӯруғ ва растаниҳо, сохт ва фаъолияти ҳаёти ҳайвонот, хусусиятҳои афзоиш ва инкишофи онҳо, рангорангии намудҳои организми зинда, дар бораи аҳамияти онҳо дар табиат ва ҳаёти инсон соҳиби дониш мешавед.

Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022
Скачать и читать Биология, 7 синф, Сапаров К., Азимов И., Умаралиева М., 2022
 

Физика, 7 синф, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022

Физика, 7 синф, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022.

Учебник по физике для 7 класса на таджикском языке.

   Физика фаннест оиди табиат. Ин калимаро ба фан мутафаккири юнон Аристотел дохил кардааст.
Фанни физика ҷараён ва ҳодисаҳои дар гирду атрофамон содир шудаистодаро мефаҳмонад. Масалан, бухоршавии об, боридани борон, обшавии ях, содироти раъду барқ, фурӯзоншавии лампочка ва ғайраҳо.
Дар рушди соҳаҳои бисёр фанни физика аҳамияти калон дорад, аз он ҷумла, дар электроника, робототехника, аз нав барқароркунии манбаъҳои энергия,истеҳсоли намудҳои нави материалҳо, офаридани таҷҳизотҳои тиббиётӣ.

Физика, 7 синф, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022
Скачать и читать Физика, 7 синф, Суяров K., Усаров Ж., Сангирова З., 2022
 

Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022

Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022.

Учебник по изобразительному искусству для 6 класса на таджикском языке.

   Донишомӯзони азиз! Бо китоби дарсии “Санъати тасвирӣ” синфи 6-ум шумо ҷанбаҳои ҷолибтар ва муосири санъати тасвириро барои худатон кашф менамоед. Дунёи рангоранг ва босеҳри санъати муосир асрори худро ба шумо мегӯяд.
Бо ёрии китоби дарсӣ шумо дониш, малака ва маҳоратро оид ба усулҳои нави расмкашӣ, аз қабили флуид арт, Pop art, 3D, “Doodling” ва “Zentangle”, сохтани техникаи ҳайкалҳои кинетикӣ, кор кардани расм оиди мавзӯъҳо дар графикаи компютерӣ, соҳиби малака ва маҳорат мегардед.
Китоби дарсии мазкур завқи бадеии эстетикии шуморо ташаккул медиҳад, тафаккури эҷодии шуморо инкишоф медиҳад, ба шумо эҷод кардани ғояҳои инноватсиониро меомӯзонад ва шуморо ба касбу ҳунар ҳидоят мекунад.
Китоби дарсии “Санъати тасвирӣ”-ро чуқур омӯхтанатон ва дар роҳи эҷодии мустақилона муваффақиятҳо орзу мекунем!

Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022
Скачать и читать Санъати тасвирӣ, 6 синф, Муратов Х., Мирхакимова Д., Абдуллаев К., 2022
 

Фанҳои табиӣ, 6 синф, Суяров К.Т., Сангирова З.Б., Умаралиева М.Т., 2022

Фанҳои табиӣ, 6 синф, Суяров К.Т., Сангирова З.Б., Умаралиева М.Т., 2022.

Учебник по естествознанию для 6 класса на таджикском языке.

   Хонандаи азиз! Ин соли хониш шумо омӯзиши илмҳои табииро идома медиҳед. Мо шуморо ба саёҳати аҷоиб дар ҷаҳони ҷолиби дониш доир ба табиат даъват мекунем. Омӯзиш дар бораи табиат ба шумо кӯмак мекунад, ки малакаҳои дар ҳаёт заруриро инкишоф диҳед. Шумо дар давоми таҳсил дар синфҳои 1-5 бо бисёр мафҳумҳо, истилоҳот ва қонунҳои табиат шинос шудед. Дониш, малака ва бовариҳои дар синфҳои қаблӣ гирифташуда асоси донишҳои нав мебошанд.

Фанҳои табиӣ, 6 синф, Суяров К.Т., Сангирова З.Б., Умаралиева М.Т., 2022
Скачать и читать Фанҳои табиӣ, 6 синф, Суяров К.Т., Сангирова З.Б., Умаралиева М.Т., 2022
 

Геометрия, 7 синф, Ҳайдаров Б., Таштемирова Н., Асроров И., 2022

Геометрия, 7 синф, Ҳайдаров Б., Таштемирова Н., Асроров И., 2022.

Учебник по геометрии для 7 класса на таджикском языке.

   Шумо ба омӯзиши яке аз қисмҳои аҷоиби математика, геометрия шурӯъ карда истодаед. Дар синфҳои поён бо баъзе шаклҳои геометрӣ ва хосиятҳои онҳо шинос шуда будед. Дар синфи 7 ба олами сеҳрноки шаклҳои еометрӣ саёҳат карда, ба ҳаматарафа ва мукаммал омӯхтани онҳо оғоз мекунед. Моро олами шаклҳои геометрӣ иҳота кардааст. Ба шаклҳои геометрӣ дар ҳаёти ҳаррӯза дар ҳар қадам дучор меоем. Дар ҳақиқат роми тирезаи чоркунҷашакл, нақшҳои ҳайратомези донаи барф, биноҳои шаклҳои гуногун дошта, қуттии гӯгирд, чархи велосипед, пуфакҳои собун, гулҳо, барги дарахтон ва ҳоказо ба ягон гуна шакл соҳиб аст.
Пас, онҳо бо геометрия алоқаманд ҳастанд. Барои ҳамин ҳам донистани геометрия, аз сиру асрори он воқиф шудан, барои ҳар як шахс аҳамиятнок аст. Шиносоӣ бо геометрия аз омӯзиши шаклҳои содда ва хосиятҳои он оғоз мешавад. Бо воситаи онҳо худатон шаклҳои нави геометрӣ ва хосиятҳои онҳоро кашф мекунед.

Геометрия, 7 синф, Ҳайдаров Б., Таштемирова Н., Асроров И., 2022
Скачать и читать Геометрия, 7 синф, Ҳайдаров Б., Таштемирова Н., Асроров И., 2022
 
Показана страница 2 из 26