Учебник по истории для 10 класса на таджикском языке.
Дин аз азал инсонҳоро ба некӣ, корҳои хайр даъват кардааст. Дини ислом, ки халқҳои Осиёи Марказӣ, ки ба он эътиқод карда меоянд, низ ба ташаккули фазилатҳоли олии инсонӣ хизмат кардааст. Дин бо олами рўҳонии инсоният узван вобаста аст, дар ҳаёти иҷтимоӣ ҳамеша бо вай будааст. Омўхтани дин маънои омўхтани олами маънавии инсонро дорад. Сарчашмаҳои динӣ воқеаҳои ибратноки таърихи башариятро дар худ инъикос намудаанд ва онҳо дар тарбияи ахлоқии инсонҳо нақши муҳим доранд. Айнан ҳамин омил барои он ки инсонҳо дар чорраҳаи ҳаёт раҳгум нашаванд, некиву бадӣ, сафеду сиёҳро фарқ кунанд, зиндагии худро оқилона ташкил кунанд, воситаи асосӣ шуда хизмат мекунад. Дар натиҷаи он тарзи зиндагии инсон боло рафта, ҷамъият тараққӣ меёбад.








