Нақшакашӣ, 8 синф, Раҳмонов И., 2019

Нақшакашӣ, 8 синф, Раҳмонов И., 2019.

Учебник по черчению для 8 класса на таджикском языке.
 
   Ҳеҷ як фан наметавонад қобилияти тасаввур ва тафаккури донишомӯзро ба мисли фанни нақшакашй такмил диҳад. Тасаввур мумкин аст шаклй ё фазой бошад. Дар китоб бо мақсади афзудани тасаввури фазоии донишомӯзон дойр ба нақшакашӣ саволу машқҳои анъанавй дода мешавад.
Машқҳо вобаста ба сатҳи дониши хонандагон, бо мизони қобилиятҳои миёна (А), хуб (В) ва болаёқат (С) тартиб дода шудаанд.
Ба хотири мустаҳкам намудани дониши хонандагон дар поёни ҳар як даре машқҳо, саволнома, тест ва супоришҳо дода мешавад. Ҳамчунин, дар охири ҳар як чоряк барои муайян кардани донишу андӯхтаҳои хонандагон корҳои контролй (назоратй) дохил гардид.

Нақшакашӣ, 8 синф, Раҳмонов И., 2019


Қоидахои асосии нақшакашӣ бо калам.
Андозаҳо дар нақша бо ёрии хаткаш ва паргори андозагир қайд мегарданд. Агар шакли мавриди назар симметрй бошад, аввал меҳвари симметрӣ гузошта мешавад. Нисфи андозаи лозимро дар ду ҷониби меҳвари симметрӣ нишон медиҳанд. Барои кашидани хатҳои ёрирасон аз қалами дорои нӯги графитии тез истифода мебаранд (расми 1.6).

Дар марҳилаи дуюм аз рӯйи нақшаи тасвиршуда қалам медавонанд. Дар ин маврид қалам вобаста ба сифати коғаз интихоб мешавад. Агар сатҳи коғаз дурушт бошад, қалами навъи сахттар, агар коғаз нарм бошад, қалами навъи мулоим истифода мегардад.

Нақшаро сараввал мебояд аз марказ, бо кашидани хатҳои меҳварии симметрӣ ва хатҳои нозук шурӯъ кард. Сипае кашидани доира, камони доира ва давондани қалам аз рӯйи хатҳои рост тавсия мегардад.

МУНДАРИҶА.
Муқаддима.
§1. Пешгуфтор барои дарсҳои нақшакашӣ.
§2. Омодасозии нақшаҳо. Стандарт. Формат Миқёс.
§3. Хатҳои нақша. Қоидаҳои андозагузорӣ.
§4. Ҳуруфи нақша ва андозаҳои онҳо.
§5. Навиштани ҳарфҳои калону хурд ва рақамҳо.
§6. Шаклсозиҳои геометрй. Гуногунии хатҳои нақшакашй.
§7. Сохтани кунҷҳо ва ба ҳиссаҳои баробар тақсим кардани онҳо. Сохтани бисёркунҷаҳои мунтазам.
§8. Кори контролӣ.
§9. Нақши геометрӣ - тарҳи гиреҳ.
§10. Пайвасти равон. Пайвастани тарафҳои кунҷҳои рост, кунд ва тез.
§11. Пайвасти равони ду давра ба воситаи давраи сеюм.
§12. Усулҳои проексиясозй. Проексиясозии марказй ва параллел.
§13. Маълумоти умумӣ дар бораи октант ва эпюр.
§14. Проексияҳои хатти рост.
§15. Кори контролӣ.
§16. Проексияҳои шаклҳои ҳамвор.
§17. Проексиясозии модел дар як ва ду ё се ҳамвории ба ҳам перпендикуляр.
§18. Ҷисмҳои геометрӣ ва сохтани проексияи онҳо.
§19. Густараи бисёррӯяҳо.
§20. Проексияҳои силиндр, конус, кура ва пирамида.
§21. Густараи сатҳҳои лӯлашакл.
§22. Намуд. Намудҳои асосӣ, аслӣ ва ҷузъӣ.
§23. Тарҳрезии модели техникӣ ва тасвир кардани намудҳои он.
§24. Таҳлил кардани моделҳои сода. Ба қисмҳо ҷудо кардани ҷисмҳои геометрй.
§25. Кори контролӣ.
§26. Қоида ва тартиби хондани нақшаҳо. Корҳои иҷроӣ доир ба хондани нақшаҳо.
§27. Маълумоти умумӣ дар бораи проексияҳои аксонометрӣ. Мавқеи меҳварҳо.
§28. Сохтани проексияҳои аксонометрии шаклҳои ҳамвор.
§29. Проексияи фронталии диметрии маснуот.
§30. Проексияи изометрии маснуот.
§31. Корҳои иҷрой доир ба проексияҳои аксонометрӣ.
§32. Ангораҳо ва тартиби кашидани онҳо. Сохтани ангораи моделҳои омӯзишӣ.
§33. Кори контролӣ.
§34. Кашидани расми техникӣ.



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Нақшакашӣ, 8 синф, Раҳмонов И., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-11-21 12:49:27