Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019

Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019.

Учебник по истории для 8 класса на таджикском языке.

   Китоби дарсии „Таърихи Узбекистан” барои синфи VIII-ум ба Шумо оид ба таърихи Ватанамон аз асри XVI то асри XIX дониш медиҳад.
Олимони муаррих ба ин даври таърихи Ватанамон “Асрҳои миёнаи охир” ё “Даври се хонй” ном додаанд. Ин давр даври хеле мураккаби таърихамон буда, аз зиддиятҳо саршор аст. Зеро давлати Темуриён, ки замоне дар дар дунё машҳур шуда, дар таърихи ҷаҳон нақши безавол гузошта буд, дар ибтидои асри XVI пурра барҳам хӯрд. Шумо сабабҳои онро аз китоби дарсии “Таърихи Узбекистан” барои синфи VII дониста гирифтаед. Дар синфи VIII онро бори дигар ба ёд меоред.

Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019


Ташкилёбии хонии Бухоро.
Баъди ҳалок шудани Шайбонихон ба ҷои ў амакаш Кўчкунчихон ба тахт нишаст. Аммо соли 1511 Бобур Мирзо бори сеюм Самарқандро ишғол кард ва шайбониҳо муваққатан аз ҳокимият маҳрум шуданд. Дар ҷанги 28-уми апрели соли 1512 шайбониҳо лашкари иттифоқии Бобур Мирзо ва сафавиҳоро торумор карда, тахти Самарқандро боз ба даст дароварданд. Кўчкунчихон то соли 1530 ҳукмронӣ намуд.

Баъди Кўчкунчихон ба тахт писараш Абусаид (1530 – 1533) нишаст. Баъди вай ҳукмронӣ ба дасти писари додари Шайбонихон Маҳмуд Султон – Убайдуллохон гузашт. Вай соли 1533 пойтахти хониро аз Самарқанд ба Бухоро овард. Ҳамин тариқ, давлати Шайбониҳо хонии Бухоро номида шуд. Убайдуллохон ба Бухоро ҳамчун ба мулки меросии падар нигоҳ мекард. Зеро Шайбонихон ҳангоми ҳаёташ ҳокимии Бухороро ба додараш Маҳмуд Султон дода буд. Хуллас, давлатҳои дар Мовароуннаҳр ташкилкардаи шайбониҳо акнун номи хонии Бухороро гирифт.

МУНДАРИҶА.
Сарсухан.
БОБИ I. ВАЗЪИЯТИ СИЁСИИ МОВАРОУННАҲР ВА ХУРОСОН ДАР АСРИ XV-ИБТИДОИ АСР XVI.
§1. Вазъияти сиёсӣ дар Дашти Қипчоқ.
§2. Вазъияти сиёсии Мовароуннаҳр ва Хуросон.
§3. Муносибатҳои Заҳириддин Муҳаммад Бобур ва Муҳаммад Шайбонихон.
§4. Барпо шудани ҳукмронии шайбониҳо дар Мовароуннаҳр ва Хуросон.
БОБИ II. ХОНИИ БУХОРО ВА АМОРАТИ БУХОРО.
§5. Ташкилёбии хонии Бухоро.
§6. Болоравии хонии Бухоро дар даври Абдуллохони II.
§7. Барпо шудани ҳукмронии аштархониҳо дар хонии Бухоро.
§8. Суст шудани ҳокимияти марказӣ дар хонии Бухоро.
§9. Идоракунии давлат дар хонии Бухоро.
§10. Кори ҳарбӣ дар хонии Бухоро.
§11. Ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар хонии Бухоро.
§12. Сиёсати хориҷии хонии Бухоро.
§13. Ҳаёти мадании хонии Бухоро.
§14. Ташкилёбии аморати Бухоро.
§15. Мустаҳкам шудани ҳокимияти марказӣ дар аморат.
§16. Идоракунии давлатӣ дар аморати Бухоро.
§17. Кори ҳарбӣ дар аморати Бухоро.
§18. Ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар аморати Бухоро.
§19. Шаҳрҳои аморат. Савдои дохилӣ ва берунӣ.
§20. Сиёсати хориҷии аморати Бухоро.
§21. Ҳаёти маданӣ дар аморати Бухоро.
БОБИ III. ХОНИИ ХИВА.
§22. Ташкилёбии хонии Хива.
§23. Аҳволи сиёсии хонӣ дар асри XVI – нимаи якуми асри XVIII.
§24. Дар хонии Хива барпо шудани ҳукмронии қўнғиротҳо. Аҳволи сиёсии хонӣ дар охири асри XVIII – нимаи аввали асри XIX.
§25. Идоракунии давлат дар хонии Хива.
§26. Ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ дар хонии Хива. Ҳаёти шаҳрҳо.
§27. Сиёсати хориҷии хонии Хива.
§28. Ҳаёти маданӣ дар хонии Хива.
§29. Сарчашмаҳо оид ба таърихи хонии Хива.
§30. Қароқалпоқҳо дар асри XVI – нимаи якуми асри XIX.
§31. Ҳаёти маданӣ ва маънавӣ дар қароқалпоқҳо.
БОБИ IV. ХОНИИ ҚЎҚАНД ДАР АСРИ XVIII – НИМАИ ЯКУМИ АСРИ XIX.
§32. Ташкилёбии хонии Қўқанд.
§33. Аҳволи сиёсӣ дар хонии Қўқанд дар нимаи дуюми асри XVIII – нимаи якуми асри XIX.
§34. Идоракунии давлат дар хонии Қўқанд.
§35. Кори ҳарбӣ дар хонии Қўқанд.
§36. Ҳаёти иҷтимоию иқтисодии хонии Қўқанд.
§37. Сиёсати хориҷии хонии Қўқанд.
§38. Ҳаёти мадании хонии Қўқанд.
§39. Таълим дар хонии Қўқанд.
§40. Сабабҳо ва оқибатҳои ақибмонии давлатҳои ўзбек дар бобати тараққиёт.
Дарси хотимавӣ (мустақилона кор кардан).



Бесплатно скачать электронную книгу в удобном формате, смотреть и читать:
Скачать книгу Таърихи Ўзбекистон, 8 синф, Ҷўраев У., 2019 - fileskachat.com, быстрое и бесплатное скачивание.

Скачать pdf
Ниже можно купить эту книгу по лучшей цене со скидкой с доставкой по всей России.Купить эту книгу



Скачать - pdf - Яндекс.Диск.
Дата публикации:





Теги: :: :: ::


 


 

Книги, учебники, обучение по разделам




Не нашёл? Найди:





2024-03-28 11:03:02