Учебник по чтению для 4 класса на таджикском языке.
Донишомӯзи азиз! Дар як лаҳза се моҳи таътили тобистона ҳам гузашту рафт. Имрӯз боз ба ҷаҳони илму дониш сайр мекунед. Дар ин саёҳат китоби хониш ва устоди азизу ғамхоратон ба Шумо кӯмакрасону роҳбалад мешаванд. Бояд ҳама чизҳои хондаю шунидаатонро дар ёд дошта бошеду аз он бо шавку ҳава с баҳра гиред. Зеро китоб сарчашмаи илму дониш аст. Ҳаминро хуб донед, ки Ватани азизамон - Узбекистони соҳибистиқлол аз Шумо умедҳои калон дорад. Бояд бештар ва хубтар хонед, ки дар оянда ба Батан - Модар ва халку миллати худ самимона хизмат карда тавонед.








