Учебник по геометрии для 7 класса на таджикском языке.
Шумо ба омӯзиши яке аз қисмҳои аҷоиби математика, геометрия шурӯъ карда истодаед. Дар синфҳои поён бо баъзе шаклҳои геометрӣ ва хосиятҳои онҳо шинос шуда будед. Дар синфи 7 ба олами сеҳрноки шаклҳои еометрӣ саёҳат карда, ба ҳаматарафа ва мукаммал омӯхтани онҳо оғоз мекунед. Моро олами шаклҳои геометрӣ иҳота кардааст. Ба шаклҳои геометрӣ дар ҳаёти ҳаррӯза дар ҳар қадам дучор меоем. Дар ҳақиқат роми тирезаи чоркунҷашакл, нақшҳои ҳайратомези донаи барф, биноҳои шаклҳои гуногун дошта, қуттии гӯгирд, чархи велосипед, пуфакҳои собун, гулҳо, барги дарахтон ва ҳоказо ба ягон гуна шакл соҳиб аст.
Пас, онҳо бо геометрия алоқаманд ҳастанд. Барои ҳамин ҳам донистани геометрия, аз сиру асрори он воқиф шудан, барои ҳар як шахс аҳамиятнок аст. Шиносоӣ бо геометрия аз омӯзиши шаклҳои содда ва хосиятҳои он оғоз мешавад. Бо воситаи онҳо худатон шаклҳои нави геометрӣ ва хосиятҳои онҳоро кашф мекунед.
