Учебник по таджикскому языку для 8 класса на таджикском языке.
Дар тӯли ҳафт сол Шумо аввал савод омӯхтед, навиштанро ёд гирифтед, сипас дар бораи сохти фонетики ва грамматикии забони модариатон аз омӯзгорони меҳрубонатон сабақҳо гирифтед. Нутқатон равону пурмаъно, доираи фикррониатон васеъ гашт.
Дар синфи 8-ум Шумо донишу малакаҳоятонро оид ба сохти грамматикии забонатон боз ҳам мукаммалтар мекунед. Умед мекунем, ки Шумо дар ин роҳ аз душвориҳо наҳаросида, бо ғайрати бештар мехонед. Ба ин кор ба Шумо комёбиҳо орзумандем.








