Учебник по физкультуре для 2 класса на таджикском языке.
Шумо дар синфи 1 дар бораи пайдоиши тарбияи ҷисмонӣ, мавқеи он дар ҳаёт соҳиби маълумот шудед ва фаҳмидед, ки ҳар як одам барои ривоҷ додани танаи худ машқҳои ҷисмониро иҷро карданаш лозим.
Ба воситаи тарбияи ҷисмонӣ усулҳои иҷрои ҳаракатҳои ҷисмониро омӯхтед ва онҳоро мустақилона иҷро карда метавонед.
Дар давоми соли хониш Шумо оид ба «Аҳамияти тарбияи ҷисмонй дар мустаҳкам кардани саломатӣ» соҳиби дониш мешавед. «Тартиби рӯзи донишомӯзон», ҳолатҳои аввал ва ҳаракатҳои гуногунро меомӯзед. Ғайр аз ин, ҳаракатҳои асосиро, ки дар ҷараёни дарс омӯзонида мешаванд, ташаккул медиҳед.
Ба дарси тарбияи ҷисмонӣ алоҳида эътибор додан ва бо он дӯст шудан лозим, чунки дар дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ Шумо соҳиби дониш ва маҳорату малакаи ҳаракатҳои гу-ногун мешавед, ки дар ҳаёт зарур мешаванд. Ба воситаи машғулиятҳои иловагӣ ва машқҳои варзишӣ тайёрии ҷисмонии худро такмил медиҳед.
Донишомӯзони азиз! Ҳамеша барои солим, бақувват, боақп, боодоб шудан кӯшиш кунед!
