Учебник по истории для 10 класса на таджикском языке.
Он даври таърихи инсоният, ки аз итмоми Ҷанги якуми ҷаҳон – соли 1918 оғоз шуда, то имрӯзро дарбар мегирад, «Таърихи навтарин» ном бурда мешавад. «Таърихи навтарин» дар тараққиёти ҷамъияти инсонӣ ҳамчун даври гузариш аз тамаддуни (сивилизатсияи) индустриалӣ ба тамаддуни постиндустриалӣ таъриф дода мешавад.
Дар даври таърихи навтарин метавон се зинаи нисбатан мустақилро ҷудо намуда нишон дод. Зинаи якум солҳои 1918 – 1945 – даври оғозшавии бӯҳрони иҷтимоӣ-сиёсии ҷамъияти индустриалист. Ин бӯҳрон дар ду ҷанги ҷаҳонӣ, инқилобҳои сотсиалистӣ ва миллӣ-озодихоҳӣ, қарор ёфтани сохтори тоталитарии Германия, Италия, Япония, СССР, пурзӯршавии зиддиятҳои иҷтимоӣ намоён шуд. Мазмуни ин зинаро муборизаи байни ду модели асосии тараққиёти ҷамъият – сохторҳои либералӣ-демократӣ ва тоталитарӣ ташкил медиҳад.








