Книги по географии для 7 класса на таджикском языке.
Донишомӯзони азиз, Шумо аз имсол оғоз карда, фанни нав - Географияро мехонед. Фанни мазкур донишҳои дар бораи табиати Замин будаи шуморо боз ҳам мустаҳкам месозад. География шуморо бо муҳитҳои азими хушкӣ ва обии рӯйи Замин, материк ва уқёнусҳо, қисмҳои онҳо, табиати онҳо, тағйиротҳое, ки дар онҳо содир мешавад, шинос мекунад. Бо хондани китоби мазкур шумо фаъолияти сайёҳоне, ки материк ва уқёнусҳоро омӯхтаанд, иқлими материкҳои гуногун, обҳо, зонаҳои табиат, бо табиати уқёнусҳо ва қисмҳои бузурги онҳо -баҳрҳо, халиҷ ва гулӯгоҳҳо аз наздик шинос мешавед. Онҳоро донистан ва таҳлил кардан ба шумо имконият медиҳад, ки тағйиротҳоеро, ки дар табиати кишварамон шуда истоданд, дарк кунед, бо воситаи ин тағйиротҳоро таҳл ил кардан, аз муаммоҳои экологӣ ва геоэкологие, ки дар ҷаҳон ва мамлакатамон содир шуданаш мумкин аст, огох, шуда, пеши роҳи онро гиред.
![География, 7 синф, Миракмалов М., 2022 География, 7 синф, Миракмалов М., 2022](/img/knigi/geografiya/1666/166609.jpg)