Учебник по таджикскому языку для 1 класса на таджикском языке.
Имрӯз ҷашни «Алифбо» аст. Шумо «Алифбо»-ро хонда тамом кардед. Акнун бемалол ҳарфҳоро хонда ва навишта метавонед. Ин комёбии шумост. Мо Шуморо бо чунин рӯзи як умр фаромӯшнашаванда самимона табрику муборакбод мегӯем. Умед дорем, ки китоби «Саводомӯзии забони модарӣ ва хониш»-ро низ тозаю озода нигаҳ медоред. Қиссаю афсона ва шеъру ҳикояҳои онро хонда, бо завқ азбар мекунед.
Бароятон дар ин ҷода бурдборию сарбаландӣ таманно дорем. Хонед, ҷустуҷӯ кунед ва вориси ҳақиқии ҳамзабононатон шавед!
