Учебник по биологии для 5 класса на таджикском языке.
Ривоҷёбии босуръати илму фан, муносибатҳои иҷтимоӣ ва экологӣ дар замони ҳозира, ки доимо омӯхта мешаванд, дар мактабҳои таълими миёнаи умумӣ фанни биологияро аз ҷиҳати мазмун ба талаботи замон дар ҳолати мувофиқ таълим додан (STEAM) дар назди омӯзгорони фан яке аз вазифаҳои ниҳоят муҳим ба ҳисоб меравад.
Шумо акнун донишҳои аз табиатшиносӣ гирифтаатонро бо фанни нав - биология такомул медиҳед. Биология фан дар бораи организмҳои зинда буда, вай табиатро меомӯзад, олами наботот ва ҳайвонотро тадқиқ мекунад. Аҳамияти фанни биология ба тараққиёти илму техника ва технология, соҳаҳои истеҳсолӣ ва мавқеи он дар ҳаёти ҳаррӯза ифода меёбад.
