Учебник по физике для 9 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Калимаи «термодинамика» аз калимаҳои «термо» - гармй ва «динамика» - «куева», «ҳаракат» гирифта шудааст. Дар методи термодинамикй ҳолати моддаи омӯхтаистода бо параметрҳои термодинамикӣ мисли ҳарорат, фишор ва ҳаҷм аниқ карда мешаванд.
Дар омӯзиши физикаи молекулаҳо ин ду методҳои статистикӣ ва термодинамикӣ якдигарро пурра мекунанд. Ин методҳо дар омӯзиши сохти моддаҳои дар ҳолатҳои газӣ, моеъгӣ ва сахтӣ буда, инчунин ҷараёнҳои дар онҳо ба амал оянда истифода бурда мешаванд.








