Учебник по таджикскому языку для 6 класса на таджикском языке.
Босалоҳиятии омӯзгор шиносоӣ бо «Дастури миллим таълимӣ», консепсияи рушди таълим дар солҳои 2022-2030, фармон ва қарорҳои эълонгардида, нақшаи таълимӣ барои соли хониш пешниҳодшуда, барномаҳои таълимии навтанзим, китобҳои дарсӣ, сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ ба амал меояд. Омӯзгор то оғозёбии соли хониш бо санад ва ҳуҷҷатҳои меъёрии таълимӣ бояд шинос шавад. Шиносоӣ бо санад ва ҳуҷҷатҳо ба омӯзгор имкон медиҳад, ки нақшаи тақвимӣ-мавзӯиро бо мутаносибии бобу фаслҳои барномаи таълимӣ ва китобҳои дарсии чопшуда тартиб диҳад. Бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои китоби дарсӣ бо бобу фаслҳо ва мавзӯъҳои барномаи таълимӣ муқоиса карда мешавад. Ҳангоми муқоиса мутаносбӣ ва ё ин ки номутаносибӣ, мукаммалӣ ва ё ин ки номукаммалии бобу фаслу мавзӯъҳо, инчунин маводҳои таълимӣ, таърифҳои лингвистӣ, қоидаҳои имлоӣ муайян карда мешавад. Агар лозим бошад, омӯзгор такя ба донишу маҳорати тахассусӣ маводҳои иловагӣ, яъне таърифҳои лингвистик» қоидаҳои имлоиро аз дигар китобҳои забои вобаста ба синну соли донишомӯзон интихоб менамояд ва бо ин амали шоиста камбудиҳоро пешгирӣ менамояд.








