Учебник по бизнесу для 11 класса на таджикском языке.
Шумо бо мафҳуми тадбиркорӣ (соҳибкорӣ) ҳанӯз дар синфи 9 тавассути фанни «Асосҳои дониши иқтисодӣ», хуб огоҳед. Дар он маънии тадбиркорӣ бо мақсади фонда гирифтан, дар асоси таваккал маблағ, мулк, дониш ва имкониятҳои худро ба кор андохта, маҳсулот истеҳсол намудан ва хизматрасонӣ фаҳмида мешавад. Аз ин бармеояд, ки тадбиркорӣ асоси иқтисодиёти бозорро ташкил намуда, фаъолняти ба ҳаракат водоркунандаи иштирокдорони он ба шумор меравад.








