Книги по биологии для 10 класса на таджикском языке.
Шумо дар давоми таҳсил дар синфҳои 7 – 9 дар дарсҳои “Биология” бо бисёр мафҳумҳо, истилоҳот ва қонунҳои табиат шинос шудед. Дар ин соли хониш шумо омӯзиши биологияро идома медиҳед. Биология сохтор, хусусиятҳо, зиёдшавӣ, инкишоф, пайдоиши организмҳои зинда, муносибатҳои байниҳамдигарӣ ҷамоаҳои табиӣ ва муҳити зистро меомӯзад. Дониши биологӣ замина омода мекунад, ки шумо ҳамчун шахс ташаккул ёфта, касб интихоб намоед, ҷаҳонбинии илмии худро васеъ гардонед ва тафаккури экологӣ бо дарки васеъ дар бораи манзараи илмии ҷаҳон пайдо кунед. Шумо бо ёрии ин китоби дарсӣ дар дарсҳои биология ва мустақилона аз дараҷаи сохти поёнии ҳаёт (зист) то ба дараҷаи сохти болоии он ба табиат ба сифати низоми яклухт муносибат кардан, мафҳумҳои биологӣ, назария ва қонуниятҳоро умумӣ, ба як система даровардану муқаррар намудани занҷири сабаб ва оқибат дар байни онҳоро меомӯзед.









Подписаться на RSS ленту ГДЗ, ЕГЭ, ГИА, подготовка к экзаменам, книги, готовые домашние задания, наука и обучение, анекдоты, презентации, словари, все для преподавателей, школьников для всех классов и студентов всех курсов. А ты Нашёл то, что тебе нужно?