Қодирова

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019.

Учебник по истории для 9 класса на таджикском языке.

   Шумо фарзандони Ўзбекистони мустақил ҳастед. Дар аснои омӯхтани таърихи ҷаҳон суханони зерини раҳбари давлатамон Шавкат Мирзиёевро „...мутаассифона дар дунё, атрофамон қувваҳое ҳастанд, ки вазъи босуботи ҷамъиятамонро аз маҷро бароварда, дар байни одамон низоъ барангехта, тухми душманиро пошида, моҷароҳои гуногунро сар занонданӣ ва ҳатто моил ба хунрезиҳо мебошанд“-ро дар ёд дошта бошед ва бояд идрок кунед, ки решаҳои ин иллатҳо ба охири асри XIX – ибтидои асри ХХ рафта мерасанд.
Шумо ба синфи 9-ум синфи охирини мактаби миёнаи умумӣ қадам ниҳодед. Шумо дар синфи 8-ум аз фанни „Таърихи ҷаҳон“ даври иборат аз ибтидои асри ХVI то нимаи дуюми асри XIX-ро омӯхтед. Дар ин давр инкишофи пешрафти ҷамъият хеле пурзўр шуд. Истеҳсолот боло рафт. Демократияи сиёсӣ расмӣ гардид, шаклҳои ҳукмронии табақаҳои боло такмил ёфт. Шумо акнун даври хеле шавқовар ва дар айни замон бисёр мураккаби таърихи ҷаҳонро меомӯзед. Чунки дар ин давр дар дунё дигаргуниҳои калон рӯй доданд. Хусусияти асосии ин давр дар истеҳсолот барқарор шудани капитализми монополистӣ аст. Синдикатҳо, картелҳо, консернҳои гуногун ба вуҷуд омаданд. Истеҳсолот мутамарказ шуд, ба хориҷа баровардан капитал сар шуд. Якчанд давлатҳо ба чунин дараҷаи тараққиёт расиданд, ки пештар дар тӯли садсолаҳо намерасиданд.

Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019
Скачать и читать Таърихи ҷаҳон, 9 синф, Лафасов М., Ҷӯраев У., Холиқов Э., Қодирова Д., 2019