Учебник по естествознанию для 4 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Ҳангоми таътили тобистона нағзакак истироҳат намудед. Тобистон фасли ба худ хоси аҷиб аст. Дар ин айём рӯзҳо дароз, шабҳо кӯтоҳ мешаванд. Нурҳои офтоб ба кишварамон рост меафтад. Аз ҳамин сабаб рӯзҳо гарм, осмон беабр мешавад.
Тобистон фасли аз ҳама дӯстдоштаи бачагон аст. Дар ин фасл бачагон бо ҳамсолон бозӣ мекунанд, оббозӣ менамоянд, аз неъматҳои табиат баҳраманд мешаванд.
Ҳангоми тобистон дар саҳрову боғҳо кор ҷӯш мезанад. Зери ниҳолҳо нарм, нурӣ андохта, об мемонанд, аз зараркунандагони табиат тоза карда мешавад. Дар боби маҳв сохтани ҳашарот чархресак, чаковак, майна, фароштурук, гунҷишк, момоҷурғотак барин паррандаҳо ёрии калон мерасонанд.
![Табаиатшиносӣ, 4 синф, Баҳромов А., Шарипов Ш., Набиева М., 2017 Табаиатшиносӣ, 4 синф, Баҳромов А., Шарипов Ш., Набиева М., 2017](/img/knigi/estestvo/1434/143468.jpg)