Учебник по изобразительному искусству для 3 класса на таджикском языке.
Фрагмент из книги:
Ӯзбекистон — Ватани ман аст. Дар ин ҷо аҷдодони мо умр ба сар бурдаанд. Ҳозир мо аз ҳавои мусаффои он нафас гирифта, аз обҳои зулоли он нӯшида, аз нозу неъматҳои дар дашту саҳроҳо рӯидаи он баҳраманд шуда истодаем.
Дар расми болоӣ композитсияи ҳайкалҳои дар майдони Мустақиллики пойтахти Ватанамон — Тошканд бунёдшударо мебинед. Ин композитсия “Муҷассамаи некӣ” номида мешавад.
