Учебник по праву для 11 класса на таджикском языке.
Китоби дарсие, ки шумо дар даст доред, донишҳои дар синфҳои поёнӣ аз бар намудаатонро давом медиҳад ва мукаммал менамояд, донишҳоятонро васеъ мекунад. Соҳиби маданият шудан вобаста ба худи шумост. Ононе, ки қонунҳоро намедонанд, ҳуқуқу ўҳдадориҳояшонро имрўз дониста наметавонанд. Вақте ки дар зиндагӣ ба ягон мушкилот дучор оянд, аз вазъият чӣ гуна берун рафтанро надониста, бидуни ҳимоя хоҳанд монд. Яке аз мутафаккирон “Беҳтарин озодӣ ин итоат кардан ба қонунҳост” гуфта будааст. Зеро, устувории қонун кафолати сулҳу осоиш дар кишвар, тантанаи усулиятҳои (принсипҳои) озодӣ ва демократӣ мебошанд.
Дар роҳи мустаҳкам намудани донишҳоятон оид ба ин соҳа ва дар бобати аз бар кардани маданияти ҳуқуқӣ дар баробари арзишҳои волои ахлоқӣ ба шумоён муваффақиятҳо орзумандем.
