Учебник по литературе для 11 класса на таджикском языке.
Таърихи адабиёти навин ҷузъи таърихи адабиёти ҳазорсолаи тоҷикист ва махсусиятҳои адабиёти ин давраро ифода мекунад. Барой амиқ донистани ҳодисаҳои таърихи адабиёт ва дарёфти заминаҳои воқеии инкишофи он, омӯзиши давраҳои ташаккули он ниҳоят муҳим мебошад.
Албатта, хонандаи огоҳ ба қадри арзишҳои воқеии бадей новобаста ба шароити ба вуҷудоии онҳо мерасад ва ба онҳо мустақиман баҳо медиҳад. Вале таърихи ҷараёни адабӣ ин гуна санадҳоро наметавонад фуру гузорад. Мутаассифона, адабиётшиносии замони шӯравии тоҷик дар ин замина роҳи мустақим надошт. Вай асосан тобеи шиорбозиҳои давлат ва ҳизби эҷодгари идеологияи расми ва зӯровар буд. Маҳз дар ҳамин замина адабиёти тоҷик чун саҳнаи фаъолияти чеҳраҳои баргузидаи адаби шинохта шуда, эҷодиёти намояндагони он дар қиёс бо намояндагони ҳамин гуна шахсиятҳои адабиёти иттифоқ таҳлилу тадқиқ мешуд.
