Учебник по химии для 7 класса на таджикском языке.
Дар ин соли хониш Шумо аввалин маротиба бо фанни аҷоиб – кимиё шинос шуданро сар мекунед. Kимиё “саноати тағйиротҳои мӯъҷизавӣ” ҳам номида мешавад. Ин имконияти ҳосил кардани материалҳои дар табиат мавҷуд набударо медиҳад, онҳо дар истеҳсоли ҳамаи намудҳои мошинаҳо ва дастгоҳҳо, дар сохтани хонаву ҷой, сару либос вa истеҳсоли пойафзол истифода бурда мешаванд.
Kимиё дар гирду атрофи мо ҳаст: чӣ кор кунем ҳам, дaр дастамон чизе набошад, дар ҳама ҷой тағйирёбии моддаҳои гуногун, яъне реаксияҳои кимиёвӣ ҳамроҳ мешавад.
Баъд аз омӯхтани китоби дарсии мазкур таърихи кашф карда шудани элементҳои кимиёвии муҳимтарин ва номҳои онҳо, афсонаҳои вобаста ба онҳоро дониста мегиред. Бо саҳифаҳои ҳаёт ва кашфиётҳои кимиёгарони номдор шинос мешавед.
