Таърихи ҷаҳон, 11 синф, Эргашев Ш., Хоҷаев Б., Абдуллоев Ҷ., 2018.
Учебник по истории для 11 класса на таджикском языке.
Дар даври таърихи ҷаҳон, ки аз соли 1991 сар шудааст, дар сохтори иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии дунё дигаргуниҳои бузург рўй дод. Дар ин давр марҳилаи нави инқилоби илмию техникӣ – инқилоби компютеру ахборот сар зад, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият таъсири калон расонид. Зери таъсири ин инқилоб дар кишварҳои мутараққӣ ҷараёни гузариш аз марҳилаи индустриалии тамаддун ба марҳилаи постиндустриализм, асри ахборот оғоз ёфт.
Китоби дарсие, ки дар даст доред, дар баробари баёни воқеаҳои ин давр таҳлил намудани марҳилаи мазкури тараққиёти ҷамъият ва ба Шумоён-донишомўзоне, ки дар остонаи ҳаёти мустақил ҳастед, донишро оид ба дарки имконоти муқаррар кардани истиқболи зиндагӣ ташаккул медиҳад. Ин донишҳо барои дарки маданияти ҳар як халқи ҷаҳон ҳодисаи ноёби ба худ хос буданаш, усулиятҳои гуманизм ва ватанпарварӣ, арзишҳои умумбашарии ба ғояҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ асосёфта кўмак мерасонанд. Барои донистани қонуниятҳои муҳими тараққиёти ҷамъият, пайдо кардани тасаввурот оид ба роҳҳои ба худ хоси пешрафт ва истиқболҳои он имкон медиҳад. Донишҳои шумо азбарнамуда, инчунин, таҷрибаи пешқадами таърихии кишварҳо дар роҳи татбиқи эҷодии онҳо дар Ўзбекистон ёрӣ хоҳанд расонд.
